Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
АКСАРИ МУТАХАССИСИНИ СОҲА
АЗ «ТОҶИК ЭЙР» МЕБОШАНД
Солҳои 2007-2008 ҶСК «Тоҷик Эйр» баҳрабардории ҳавопаймоҳои муосири навъи «Боинг»-ро азхуд кард.
Дар аввал ҳавопаймои Боинг 727-200 тариқи шартномаи лизинги тар, сипас, ҳавопаймоҳои Боинг 737-300 ва Боинг 757-200 тариқи лизинги молиявӣ баҳрабардорӣ гардида, ҳамзамон ҳайати парвозию техникии ширкат барои иҷрои парвозҳо дар ин намуди ҳавопаймоҳо бозомӯзӣ ва омодагии тамриниро гузаштанд. Дар як маврид ҳавопаймоҳои Боинг 737-500 низ баҳрабардорӣ карда шуданд.
Соли 2009 дар заминаи корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» корхонаҳои воҳиди давлатӣ, дар айни замон ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр», «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб», «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар», «Агентии алоқаи ҳавоӣ», «Скай кейтеринг», «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ», корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэрнавигатсия» ва маркази саломатии «Авиатор» ташкил ёфтанд.
Дар солҳои 2008-2022 роҳбарии ҶСК «Тоҷик

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё