Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Эйр»-ро А.Маҳмадалиев, М.С.Исоқов, Ф.Х.Ҳамроев, Х.З.Рахимов, Дилшод Исматуллозода ба уҳда доштанд.

Тавре ки маълум аст як қисми корхонаҳои навташкил ба комёбиҳои назаррас ноил шуда бошанд, вазъи молиявии ҶСК «Тоҷик Эйр» беҳбудиро такозо мекард ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2013 №217 Нақшаи чорабиниҳои солимгардонии вазъи молиявии ҶСК «Тоҷик Эйр» барои солҳои 2013-2014 тасдиқ гардида, амалӣ гардонида шуд.

Ҳамчунин, бо мақсади рушди заминаи моддию техникӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирӣ ва солимгардонии вазъи молиявю хоҷагидории ҶСК «Тоҷик Эйр» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2018, №476 Барномаи махсуси дастгирии давлатии ҶСК «Тоҷик Эйр» барои солҳои 2018-2023 тасдиқ гардида, амалӣ карда шуд.

Дар айни замон роҳбарии ҶСК «Тоҷик Эйр» ба уҳдаи Шодмонзода Парвиз Абдураҳим вогузор карда шудааст.
Паҳлӯ ба паҳлӯ бо ӯ Ф. Ф. Ишанқулов, Ф. Х. Ҳамроев, С. У. Шарипов, Ш. Т. Раҷабов, С. Э. Баҳриддинзода, И. И. Ҷобиров, А. И. Қувватов, М. М. Алимов, Н. Э.
Соҳибов, У. Г. Маҳсутшоева кору фаъолият доранд.

Ҳамчунин ҳавонавардон, муҳандисони ҳавопаймоии
техникӣ, собиқадорони ҳавопаймоии гражданӣ,

пешина
аз 275
навбатӣ