Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

роҳбаладон, мутахассисони ботаҷриба ва ҷавонони кордон аз қабили Х. А. Ҳасанов, А. А. Алиев, Ф. М.
Алимов, Ғ. Э. Икромов, А. М. Мамадҷонов, И. А.
Тӯҳсабоев, Р. М. Бандалиев, Д. И. Сурхаков, А. Ш.
Давлатбеков, Ш. Қ. Қаҳҳоров, Ш. Д. Додихудоев, Б. С. Ёрматов, И. Ш. Чамолов, М. Х. Охунов, Ҳ. Р.
Абдуллоев ва бисёр дигарон бо меҳнати софдилона ва садоқатмандона дар рушди корхона саҳми босазо мегузоранд.

Мақсади асосии роҳбарияти ширкат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бӯҳрони иқтисодӣ раҳо ёфтани ҶСК «Тоҷик Эйр», баланд бардоштани нуфузи он дар бозори интиқолоти ҳавоӣ, барқарор ва таъмин намудани фаъолияти устувори молиявию хоҷагидорӣ, оғози парвозҳо дар хатсайрҳои таъинотӣ, таъмини бехатарӣ ва мунтазами парвозҳо, беҳдошти сатҳи хизматрасонӣ, саривақт пардохт намудани музди меҳнати кормандон ва таъмини эҳтиёҷоти иҷтимоии онҳо мебошад.

Ширкати «Тоҷик Эйр» - ро ҳама мешиносанд.
Зеро аксари мутахассисони соҳаи авиасияи имрӯзаи Тоҷикистон маҳз аз ҳамин ҷо баромадаанд. Маҳз ҳамин ширкат мутахассисони хубро тайёр намуд.
Собиқадорони меҳнати авиасияи граждании

пешина
аз 275
навбатӣ