Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

кас зуд пай мебарад, ки дар фурудгоҳ ба корҳои ободонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Дар 5 гармхонаи фурудгоҳ парвариши гулҳои мавсимипии ороишӣ, сабзавот ва меваҳои ситрусӣ маҳсулнок ба роҳ монда шуда, беш аз 2 млн. тухмиҳои гулҳои мавсимӣ парвариш мешаванд. Маҳсулоти гармхона дар ҳудуди фурудгоҳи Хуҷанд ва дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Душанбе шинонида мешаванд. Лозим ба ёдоварист, ки ҳудуди фурудгоҳи номбурда чор фасли сол бо гулҳои гуногуни мавсимӣ ва дарахтони ороишӣ зиннат дода шудааст. Дар гармхонаҳои фурудгоҳ соли 2022 инчунин 10 тонна помидору бодиринг, 2 тонна лимӯву грейпфрут парваришу ҷамъоварӣ карда шуданд.

Дар доираи «Солҳои сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва рушди деҳот» эълон намудани солҳои 2019 - 2021 корҳои зиёд амалӣ гаштаанд, ки имрӯз ҳусни фурудгоҳро хеле назаррабо намудаанд.

Дар маркази саҳни фурудгоҳ қомат афрохтани Муҷассамаи таърихию ёдгории «Дуои модар» - худ як рамзи таваҷҷуҳ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба ҳастии модари тоҷик ба шумор меравад. Имрӯзҳо ин макон сайргоҳи ҳазорон мусофиру сайёҳ ва меҳмонони дохиливу

пешина
аз 275
навбатӣ