Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
хориҷӣ мебошад. Вақте ки сайёҳ ё меҳмони хориҷӣ бори аввал ба Тоҷикистон омада аз бинои терминал берун мешавад, назари аввалаш ба муҷассамаи «Дуои модар» мересад ва албатта, дармеёбад, ки дар Тоҷикистон модар аз ҳама ҳастии муқаддас ва шоистаи эҳтироми баланд аст.
Рушди саноат, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба кор ҷалб намудани мутахассисони ҷавон низ яке аз масъалаҳои меҳварӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд мебошад.
Дар доираи эълон гардидани «Солҳои 2022 - 2026
-солҳои рушди саноат», дар фурудгоҳ сохтмони фабрикаи дӯзандагӣ бо 200 ҷойи корӣ барои бонувон идома дорад. Тибқи нақша дар ин коргоҳ корҷома (спецодежда) барои кормандони шуъбаҳову хадамотҳои фурудгоҳ дӯхта, омода мешавад. Инчунин дар иншооти мазкур бинои қозурӣ (ҷои шустани либосу матоъ), ошхона ва анбори захираи матоъ ва нигаҳдории ашёи дарздӯзӣ сохта мешавад.
Ҳамчунин давоми ин солҳо корҳои зиёде ҷиҳати ободонии коргоҳ ба сомон расиданд, ки месазад бархе аз онҳоро номбар кард:
- Бунёди боғ дар мавзеи ноободи назди бинои
маъмурияти фурудгоҳ, (2016).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё