Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
Пойгоҳи асосии ширкат «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» буда, ширкат ҳамчунин ба/аз фурудгоҳҳои байналмилалии Хуҷанд ва Кӯлоб парвозҳоро анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои насли нави Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат мебошад.
Айни замон, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Тоҷикистон ба 25 самт, аз ҷумла, ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Арабистони Саудӣ, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Гурҷистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад. Дар оянда роҳандозии парвозҳои мунтазамро аз Душанбе самти Шармушшайх (Миср) дар нақша дорад. Тибқи барномаи миёнамуҳлати рушди ширкат қарор аст дар оянда парвозҳо ба самти шаҳрҳои Пекин, Сеул, Лондон, Париж, Бангкок, Исломобод, Доҳа, Риёз, Боку ва Минск роҳандозӣ карда шавад.
Дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» алҳол 384 корманд дар маъмурият, департаментҳои тиҷоратӣ, техникӣ, парвозӣ, хизматрасонии рӯизаминӣ, назорат аз рӯи риояи стандартҳои сифат ва бехатарӣ, молия, аудит ва назорати дохилӣ, хадамотҳои ҳуқуқ ва интиқоли бор, маркази таълимии авиасионӣ кору фаъолият менамоянд ва барои иҷрои парвозҳои бехатару саривақтии мусофирон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё