Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ФарҳангТаърих
Аз аввал хондан

онҳоро таъмин намудан кори саҳл нест.

Вале вазъи кунунӣ, корҳои созандагиву бунёдкориҳои солҳои охир ба вуқӯъпайвастаи фурудгоҳҳои Тоҷикистон собит намуданд, ки дар ҳолати пайваста ҷидду ҷаҳд кардан, якдилона меҳнат намудан ҳамаи ҳадафҳо амалишаванда ва орзуҳо ба ҳақиқат табдилёбандаанд. Албатта, дар паси ҳамаи ин созандагиҳову офарандагиҳо ва бунёдкориҳо, бешак роҳбарон ва кормандоне меистанд, ки симои фурудгоҳҳо то ба имрӯз ба куллӣ тағйир ёфтааст.

Воқеан кушодашавии хатсайри ҳавоӣ, фурудоии ҳавопаймои нахустин ба аэродроми фурудгоҳи Кӯлоб барои бошандагони ин шаҳри куҳан хушбахттарин рӯз буд. Ва он рӯзро мардуми Кӯлобзамину кормандони фурудгоҳи онвақтаи Кӯлоб рӯзи таърихию фаромӯшнашаванда мешуморанд. Ва ин хушбахтии мардуми минтақаи Кӯлоб соли 1931 ба вуқӯъ пайваст. Маҳз дар ҳамин сол парвозҳои тайёраи Ю - 13 ба Кӯлоб оғоз шуд. Сипас, зина ба зина, шумораи парвозҳо меафзуданду тавассути онҳо ҳам мусофирому ҳам маҳсулоти кишоварзиву дигар намуди бор интиқол меёфтанд.

Солҳои 1960-ум дар Кӯлоб аввалин гурӯҳи авиатсионӣ ташкил гардид, ки командири он Сероглазов буд.

пешина
аз 275
навбатӣ