Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
Корхона бо вуҷуди навтаъсис буданаш, ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, мутахассисони беҳтарини соҳаи авиасияро гирд оварда, корро шурӯъ кард. Солҳои 1964 - 1965 фурудгоҳи Кӯлобро ба ҷои дигар кӯчониданд, ки ин имкон дод ҳавопаймои ИЛ - 14 - ро бе мамоният қабул кунад. Баъдан, соли 1977 фурудгоҳро боз ба ҷои ҳозира кӯчонидаанд. Дар ин давра, албатта, фурудгоҳ азнавсозӣ шуд. Дарозии хати парвозу фурудой 2000 метр ва паҳноиаш 35 метрро ташкил медод. Ин имкон дод, ки фурудгоҳи Кӯлоб ба қабули ҳавопаймои тамғаи ЯК - 40 оғоз намояд. Соли 1988 таҷдиди фурудгоҳ шурӯъ шуд, вале давраи нооромиҳои солҳои 90 - ум монеи рафти корҳои азнавсозӣ гардиданд. Дар он солҳо минтақаи Кӯлоб дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор дошт. Ягона роҳи алоқа - ин роҳи ҳавоӣ буд. Ба ҳамаи душвориҳо нигоҳ накарда, барои мардуми собиқ вилояти Кӯлоб маводи ғизоӣ тавассути ҳавопаймоҳои АН - 24, АН - 26 ва чархболҳо интиқол меёфт.
Ба душвориҳо нигоҳ накарда, аҳли фурудгоҳи Кӯлоб корҳои таъмиру азнавсозиро идома доданд ва онро соли 1995 ба анҷом расонданд. Тӯли хати парвозу фурудоии фурудгоҳ ба 3000 метр ва паҳноиаш ба 42 метр расонида шуд. 30 - юми декабри соли 1995 бошад, дар китоби хотироти ҳам кормандони соҳаи ҳавопаймоӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё