Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

шудааст. Ҳамзамон мумфарш намудани роҳи назоратии атрофи фурудгоҳ, равшаннамоии гирду атрофи он, дастрас ва насби дастгоҳи муосири равшаннамоии хати бархосту нишаст, насби камераҳои назоратӣ дар девори атроф бо тарзу сифати нав, барқарорсозии иншооти тозакунии обу корези истифодашуда аз зумраи нақшаҳои мо мебошад. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар доираи нақшаҳои минбаъдаи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» марҳила ба марҳила корҳои ободонию бунёдкорӣ амалӣ карда мешаванд.

Инчунин дар ояндаи наздик, баъди сохта ва ба истифода додани таваққуфгоҳ барои ҷойгир кардани тайёраҳои калонҳаҷм бо ду роҳрави иловагӣ, теъдоди таваққуфгоҳҳо ба 14 адад расида, фурудгоҳ имкони қабули дилхоҳ тайёраҳоро пайдо менамояд.

Баъди ба истифода додани терминали муосир бо ғунҷоиши 600 мусофир/соат ва ҷиҳозонидани он бо таҷҳизоти зарурӣ, ҷорӣ намудани системаҳои электронию барномаҳои зеҳнии муосир ҳангоми бақайдгирии мусофирон ва хизматрасонии фурудгоҳӣ ва гузаштани гузаргоҳҳои гумрукию сарҳади давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати суханронӣ ва муошират бо мусофирону сайёҳон хеле беҳтар мешавад. Ҳамчунин, ба кам кардани вақти

пешина
аз 275
навбатӣ