Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
гардонда шуд. Фурудгоҳ имкон пайдо намуд, ки ҳавопаймоҳои калонҳаҷми тамғаҳои ЯК-42, Боинг 737-800, Аэробус-319 ва 320-ро қабул ва гусел намояд. Ин имкон дод, ки хатсайрҳо ба хориҷи дуру наздик кушода шаванд.
Ободонӣ, ба тарзи замонавӣ ба роҳ мондани фаъолият аз нигоҳи молиявӣ - иқтисодӣ ба назар расида, вазъи иҷтимоии кормандони фурудгоҳ беҳтар гардид. Даврони соҳибистиқлолии кишвари мо шароит ба вуҷуд омад, ки фурудгоҳ барои рушду инкишоф аз усулҳои замонавӣ истифода намуда, ҳамкориро бо ширкатҳои дохилию хориҷӣ вусъат бахшад. Барои таҷдиди инфрасохтори фурудгоҳ лоиҳаҳо таҳия карда, сармоягузоронро ҷалб намудем. Мақсад дорем бо ширкатҳои ҳавопаймоии дохилу хориҷ созишномаҳои ҳамкории судмандро ба имзо расонида, ҳаҷми интиқоли бор ва мусофиронро афзоиш диҳем.
Дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт сармашқи кори худ кардаем ва боварии комил дорем, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан ҳамкории Агентии авиатсияи граждании мамлакат, ба мақсадҳои дар наздамон гузошташуда ноил мегардем. Шумораи парвозҳоро бештар карда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё