Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
РУШДИ БОСУБОТИ
ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ»
Барои хизматрасонии ҳамарӯза дар як муддати кӯтоҳ ба садҳо ҳавопаймо, ки аз фурудгоҳ парвоз мекунанд, масоили зиёдеро ҳаллу фасл кардан лозим меояд. Бо сӯзишворӣ таъмин намудани ҳамаи ҳавопаймоҳо яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа мебошад.
Воқеан, таъмини сӯзишвории ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон яке аз корҳои душвори соҳаи авиатсия ба шумор меравад. Он масъулият ва эҳтиёткориро тақозо менамояду ба ҳеҷ ваҷҳ саҳлангориро намепазирад. Дар даврони Истиқлоли давлатии кишвари азизамон бомаром рушд карда, дар тамоми ҷабҳаҳо ва сохторҳо дигаргуниҳои ҷадид ба амал омаданд. Дар бисёр соҳаҳо рушди ҷиддӣ ба назар мерасад. Ба ҳадде, ки баъзе корхонаву ташкилот ба тамоми меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯянду фаъолияти онҳо ва хизматрасониҳову технологияашон аз давлатҳои мутараққӣ камие надорад.
ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» аз ҷумлаи чунин корхонаҳост. Комплекси таъминоти сӯзишворӣ механизми азимест, ки фаъолияташ мураттаб ва доманадор мебошад. Аз моҳи феврали соли 2014

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё