Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Рафиқҷон Ҷалолов соли 1977 баъд аз хатми омӯзишгоҳи авиасияи граждании шаҳри Бугурслани Федерацияи Россия дар Тоҷикистон дар соҳаи авиасия фаъолият намуда, соли 2021 баъд аз ба нафақа баромадан то ҳол дар авиасияи ҳарбӣ ба ҳайси сарнишини ҳавопаймои Ту-134 ифои вазифа менамояд. Ин марди ҳалолкор аз уҳдаи вазифаи масъулиятталабу мушкил бо сарбаландӣ баромада, шогирдони зиёдеро тарбия намудааст. Зимни суҳбат ин марди хоксору фурӯтан аз фаъолияти хеш сухане нагуфт, балки аз заҳмати собиқадороне, ки дар рушди соҳа саҳми босазое доранд, соатҳо сухан мегуфт.
Мавсуф қайд намуд, ки тибқи оинномаи Федерацияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати авиасияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 апрели соли 1975 ташкил ёфта буд. Ҳоло ҳайати кунунии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати авиасияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора 29 апрели соли 2023 аз нав интихоб карда шуд.

Рафиқҷон Ҷалолов ҳамчунин илова намуд, ки
айни замон шумораи умумии собиқадорони ҷангу
меҳнати авиасияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
86 нафарро ташкил менамояд, аз ҷумла 6 нафар
ҷанговарон-интернатсионалистҳо иштирокчиёни

пешина
аз 275
навбатӣ