Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
Дар кишвари мо то соли 2002 мақомоти авиатсионии алоҳида вуҷуд надошт, вале ин вазифа ба уҳдаи Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷикистон» вогузор шуд ва директори ин ниҳод ҳамчун роҳбари мақомоти авиатсионии Тоҷикистон буд. Баъдан моҳи декабри соли 2000-ум дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Департаменти авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва аз 1-уми марти соли 2001 дар Вазорати нақлиёт департамент ташкил шуда, дар он ҷо 10 нафар мутахассисро аз ҳамаи корхонаҳои авиатсионӣ ҷамъ намуданд. Мутахассисон Прижуков Владимир, Ниёзов Ҷамшед, Юсупахмедов Юсуфҷон, Набиев Азиз, Ҷалолов Ҷалолиддин, Ҷабборов Самад, Қувватов Ашраф, Одинаев Қудратулло, Ҷобиров Иброҳим ва чанде дигарон ба ин кор шурӯъ намуданд. Чор-панҷ моҳ пас Ҳамроев Фирӯз, Қаҳоров Шамсиддин, Фазлиев Шариф ва Колтсов Юрий ба қатори инҳо шомил шуданд, вале баъдтар боз чандин одамон рафтанду дигарҳо омаданд. Баъдан ин мақомот чандин бор табдили ном кард, яъне сарраёсат ҳам буду боз раёсат ҳам шуду ва сониян чунин, ки маълум аст, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии авиатсияи граждании

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё