Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
ОСМОН ДАЛЕРОНРО
ДӮСТ МЕДОРАД
(Ё худ сухане чанд дар бораи ҳалабони авиасияи
гражданӣ Бандалиев Раҷаббек Мастибекович)
Бо ҳалабони (лётчик) авиасияи гражданӣ Раҷаббек Бандалиев чанд моҳ пеш вохӯрдам, ҳарчанд дар бораи фаъолияти пурсамари ӯ борҳо шунида будам.
Вале ягон бор ба ҳайси як журналисте, ки солҳо оид ба соҳаи авиасия менавиштам, дар бораи ӯ мақола ё очерке иншо накарда будам. Худ намедонам, чаро?
Шояд чунин иттифоқ наафтода буд... Муоширати мо ҷолиб гузашт. Ӯ як шахси бениҳоят доно ва дар айни замон хоксор аст. Аз хоксорӣ ва олиҳиммат буданаш он гувоҳ медод, ки дар бораи худаш камтар сухан мегуфт.
Зимни суҳбат фақат дар бораи соҳа ва ҳалабонҳои ҳамватанаш, ки дар тӯли солҳо касби пешакарда ва тақдир ӯро бо онҳо наздик кардааст, ҳарф мезад.
Раҷаббек Бандалиев 17 декабри соли 1957 дар
шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
таваллуд шудааст. Солҳои 1965 - 1975 дар мактаби
миёнаи рақами 7-и ба номи Юрий Гагарини шаҳри
Хоруғ таҳсил кардааст. Солҳои 1976 - 1978 дар сафи
Артиши Шӯравӣ дар Қӯшунҳои дифои ҳавоии СССР

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё