Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
мерафт.
Бо ташаббуси бевоситаи ӯ хатсайрҳои «Кӯлоб - Москва» (ҳафтае 10 рейс) ва «Кӯлоб - Екатеринбург» (ҳафтае 1 рейс) роҳандозӣ гардиданд, ки мушкилоти аҳолии минтақаи Кӯлобро дар мавриди рафту омад ба Федератсияи Россия то андозае осон гардонид. Фурудгоҳ ба қавле ҷон гирифт, обод гашт. Кормандонро сарҷамъ намуд ва аҳлона меҳнат карданд. Ҷавононро омӯзонд, шогирдони зиёде тарбия намуд.
Комилзода Алӣ Фозил ҳамчун роҳбари кордон хуб дарк кард, ки барои пешравии кор мутахассисони баландихтисос лозиманд ва аз ин рӯ ба ҷалб намудани ҷавонон ба кор пардохт. Бо кор таъмин намудани мутахассисони соҳибтаҷриба ва тайёр намудани мутахассисони ҷавони маҳаллӣ бо роҳи омӯзонидан дар беҳтарин донишкадаҳо ва омӯзишгоҳҳои авиатсионии Федератсияи Россия яке аз ҳадафҳои корхона буд, ки онро амалӣ намуд ва фурудгоҳро аз лиҳози мутахассис (кадрӣ) ва иқтисодӣ пуркувват гардонид. Шумораи кормандон аз 42 нафар ба 218 нафар ва дар соли 2019 (5 баробар зиёд) ва музди меҳнат аз 25 сомонӣ ба 1530 сомонӣ (61 баробар) расонида шуд.
Аз моҳи феврали соли 2020 дар Агентии авиасияи гражданӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ