Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
ДАСТОНИ ПУРЭҶОЗИ ФАЙЗУЛЛО
Расулов Файзулло Абдусаматович - муовини директори генералӣ оид ба корҳои маъмурию хоҷагии ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» мебошад ва ӯ солҳои тӯлонӣ дар ин коргоҳ фаъолияти пурсамарад дорад.
Мусаллам аст, ки Ширкати таъминоти сӯзишворӣ низ як сохтори муҳими соҳаи авиация буда, фаъолияти он сари вақт таъмин намудани ҳавопаймоҳо бо сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва моеъҳои махсус равона гардидааст. Чун ширкат вазифаи душворро бар уҳда дорад, албатта, аз кормандони он ҷиддият ба касбу кор ва салоҳият тақозо карда мешавад. Акаи Файзулло дар ин ҷода солҳои зиёд софдилона ифои вазифа дорад.
Чун касе вориди корхонаи ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» мегардад, аз дидани манзараи зебо, аз тамошои гулҳои зебои ороишӣ ва дарахтони сояафкану мевадиҳанда дар саҳни ҳавлии ин макон ва атрофи он ҳаловат мебарад. Аз бӯи сӯзишворӣ дар ин коргоҳ нишоне ҳам несту онро бӯи хуши гулҳои муаттар ҷойгузин аст.
Ҳамаи ин маҳсули дастони пурэҷози Файзулло

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ