Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

хизматрасонии махсус нав карда шуда, хати парвозу нишаст низ таъмиру тармим гардид, ҳамчунин сифати хизматрасонӣ боло рафт ва умед дорам, фурудгоҳ аз ин ҳам беҳтару хубтар хоҳад шуд. Албатта, баъди таҷдиди сохтор чун фурудгоҳу дигар корхонаҳои авиатсионии мустақил ба фаъолият оғоз намуданд, кор дар ин ҷода ба маротиб осон гардид. Ростӣ гап, баъди таҷзияи сохтори авиация ва мустақил гаштани корхонаҳои авиатсионӣ фикр кардем, ки соҳа рӯ ба нестӣ меорад.
Вале боиси ифтихор аст, ки ин гумонамон ботил баромад ва соҳа ғайричашмдошт рӯ ба рушд ниҳод.
Хушбахтона, имрӯзҳо соҳаи авиация рӯ ба рушд аст ва фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ бо таҷҳизоти нави замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ гаштаанд. Инчунин ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо ҳавопаймоҳои нави замонавӣ таъминанд, ки ин ба боло рафтани сатҳу сифати хизматрасонӣ мусоидат мекунад. Боиси хурсандист, ки ҳоло дар соҳаи авиация мутахассисони соҳибтаҷриба ҳастанд, ки дар пешбурди соҳаи авиация саҳмгузоранду садҳо шогирдро тайёр мекунанд. Корхонаҳову ширкатҳои ҳавопаймоӣ имрӯзҳо бо сарбаландӣ дар остонаи ҷашнгирии фаъолияти якасраи соҳаи авиацияи тоҷик бо дастовардҳои назаррас қарор доранд, - таъкид намуд

пешина
аз 275
навбатӣ