Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Ботур Аҳмедов.

  • Ба фикрам, ривоҷ додани туризм дар кишвар аз манфиат холи набуда, ба соҳа низ манфиати беш меорад ва дар баробари ин ташкил намудани туризми ҳавоиро мувофиқи мақсад мепиндорам. Яъне, ба андешаи ман, ба сайёҳоне, ки ба Тоҷикистони зебоманзар меоянд, тамошои кӯҳҳои осмонбӯс ва табиати нотакрори кишвар тавассути чархбол ниҳоят шавқангез мебуд. Агар ин корро раҳандозӣ менамуданд, соҳа рушд ёфта, шумори сайёҳон низ меафзуд. Ғайр аз ин, барои тараққиёти соҳа ривоҷ додани авиацияи боркашонӣ низ хеле муҳим аст, - мегӯяд Ботур Аҳмедов.

Ботур Аҳмедов дар айёми роҳбариаш шогирдони зиёдро тарбия намудааст. Китоби хотироти хаёлашро варақгардон намуда, бо як ҷаҳон таассурот нақл мекунад. Ҳикоят мекард, ки чӣ гуна тирамоҳи соли 1973 ӯ ва 10 ҳалабони навхатмкардаи Омӯзишгоҳи ҳавопаймоии шаҳри Кременчугро ба ватан оварданд ва омӯзонданд. Ҳамчунин бо хурсандӣ аз он рӯзҳои нек ёд мекард, ки дар таҷлили 80 ва 90 - солагии Рӯзи таъсисёбии авиацияи тоҷик, ҳама ҳамсабақону шогирдон ва коргарони собиқи соҳа рӯи як дастархон ҷамъ омада, аз пешрафтҳои соҳа бо ифтихор суҳбат мекарданд ва шукри онро мекард, ки 100 - солагии

пешина
аз 275
навбатӣ