Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ФарҳангТаърих
Аз аввал хондан

хоҳиши ба ҷанг рафтанро изҳор менамоянд. Рӯзи 22 август бошад, 25 экипажи ҳавопаймоҳо иборат аз 51 нафар ба ҷабҳаи ҷанг меравад. Аз ҷумлаи онҳое, ки дар Тоҷикистон ҳавонавардӣ мекарданд ба Семён Михеевич Антонов, Иван Семёнович Валухов, Михаил Василевич Водопянов, Тимофей Кузмич Гаврилов, Иван Ефимович Душкин, Василий Михайлович Обухов, Иван Петрович Разин, Михаил Василевич Родних, Маврикий Трофимович Слепнев, Григорий Алексеевич Таран, Павел Иванович Тихонов ва Серафим Вадимович Ятковский унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст.

Ҳавонаварди дигаре, ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаи ҷанг рафта корнамоии бисёр нишон додааст, Александр Петрович Мамкин мебошад, ки ба назди партизанҳои Белорусия 70 маротиба хати ҷабҳаи ҷангро гузашта парвозҳоро иҷро намудааст. Ӯ дар шароитҳои гуногун парвозҳоро анҷом медиҳад ва дар парвози 71 - ум мавриди ҳадафи ҳавопаймои қиркунандаи душман қарор гирифта ба ҳалокат мерасад. Қаҳрамонии ӯ дар дили ҳамхизматону партизанҳо ва ёру дӯстон абадӣ боқӣ мондааст.

Нахустин ҳавонавардзани ҷумҳурӣ Алмасарида
Усмонова, ки аввал дар Ӯзбекистон чун колхозчӣ ва

пешина
аз 275
навбатӣ