Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

баъдан дар устохона кор карда комбайнчӣ шуд, боре парвози зебои ҳавопайморо дида мафтун гардид. Вай бо роҳхати комсомолӣ ба Омӯзишгоҳи ҳавопаймоии Балашов дохил шуда, соли 1936 шаҳодатномаи ҳавонавардиро мегирад ва ба Тоҷикистон меояд. А. Усмонова ба шаҳру ноҳияҳои кишвар парвозҳоро анҷом медод. 12 декабри соли 1937 Алмасарида Усмонова нахустин ҳавонавардзани ҷумҳурӣ вакили Шӯрои миллатҳои Шӯрои Олии ИҶШС интихоб гардида буд. Сипас, ба ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта, дар ҳавопаймоҳои бомбандоз парвоз мекунад. Роҳи ҷангии ӯ то Берлин мерасад ва баъди ғалаба фаъолиятро дар фурудгоҳи Внуковои Москва идома медиҳад.

Ҳавонавардзан, зодаи деҳаи Шинги ноҳияи Панҷакент Ойгул Муҳаммадҷонова, баъди хатми мактаби ҳавонавардӣ ба ҷанг рафта, 93 парвозро ба мавқеҳои душман анҷом медиҳад.

Дар байни 51 ҳавонаварди рӯзи 22 августи соли 1941 аз пойтахти ҷумҳурӣ ба ҷанг рафта, Григорий Иванович Дорожкин буд, ки бо ордену медаллаҳои ҷангӣ сарфароз гардида, пас ба Тоҷикистон меояд. Вай соли 1949 ҳамчун ҳавонавард дар расонидани кӯмак ба зарардидагони заминҷунбии Ҳоит иштирок карда, бо ордени Байрақи сурхи меҳнат сарфароз гардонида

пешина
аз 275
навбатӣ