Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
Соли 1938
Нашри аввалин рӯзномаи «Криля Таджикистана» (муҳаррираш Четвертак). Соли 1940 Оғози хатсайри Душанбе - Ишкошим. Оғози хатсайри парвози Душанбе - Мӯминобод, Душанбе - Ворошиловобод.
23 июни соли 1941
Бо сабаби ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияи фашистӣ ба Иттифоқи Шӯравӣ дар фурудгоҳи Душанбе гирдиҳамоӣ баргузор гашт. Онро котиби аввали КМ ПК Тоҷикистон Протопопов оғоз карда, гуфта буд: «Ҳар яке мо барои ҳифзи Ватани сотсиалистии худ тайёрём, ки ба паси чанбар нишинем ва дар торумор кардани фашистони Германия саҳм бигирем!» Дар ҳамин рӯз 12 ҷавони комсомол барои ба сафи пеши ҷанг рафтан ариза навиштанд.
Июн-июли соли 1941
35 халабон ва кормандон ба маркази ҳавопаймоии Новосибирск барои омӯзиши ҳавопаймоҳои навъи ПС-84 (Ли-2) ва омодагӣ ба амалиёти ҳарбӣ фиристода шуданд.
22 августи соли 1941
Парвози 25 экипаж, бо 51 нафар халабонҳои соҳибтахассус бо «СП» ба ҷабҳа. Халабонҳо Г. И. Дорожкин, П. Петрашевич, А. Долгов, К. Чмут, В. Сазонов ва дигарон, авиатехникҳо Афанасев, Голубничий, Биковский, Пятернов буданд.
Ноябр – декабри соли 1941
Омадани авиаэскадрилияҳои махсуси омӯзишӣ аз Смешлёвкаи вилояти Куйбишев ба парки ҳавопаймоҳои худ. То соли 1943 садҳо курсант омӯзонида, аксарашон ба ҷабҳа фиристода шуданд.
Соли 1942. Бо ташаббуси муҳандис Н.К. Тихомиров ҳавопаймои «Р-6», ки дар Кӯлоб вайрон шуда буд, барқарор ва ба ҷабҳа фиристода шуд. Барои ин хизматаш Тихомиров бо ордени Ситораи Сурх қадр гардид.
25 марти соли 1943
Муовини сардори эскадрилияи собиқ полки ҳавопаймоии дурпарвози № 890 капитан Михаил Василевич Родних, ки дар парвозҳои Помир обутоб ёфта буд, барои шуҷоатҳои ҷангиаш дар мубориза ба муқобили душмани фашист бо Қарори Президиуми Совети Олии СССР бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардид.
18 сентябри соли 1943
Ба роҳбари звеноси гвардияи полки 10-уми ҳавопаймоӣ лейтенанти калон Иван Ефимович Душкин - собиқ командири ҳавопаймои қисми нақлиётии Душанбе, баъди маргаш унвони Олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо