Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
13 марти
соли 1943
Командири эскадрилияи 102-и полки ҳавопаймоӣ капитан Тимофей Кузмич Гаврилов ва ҷонишини командири эскадрилияи гвардияи 25-ум майор Василий Обухов сазовори унвони баланди Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардиданд.
Апрели соли
1944
Собиқ халабони душанбегӣ Александр Петрович Мамкин ҳангоми озод намудани кӯдакони дар иҳотаи фашистон монда дар ҳавопаймо зинда ба зинда сӯхт. Мардуми Шӯравӣ қаҳрамонии ӯро баҳои баланд доданд. Дар бораи ӯ филм бардошта шуд, кӯчае дар Лепель ба номаш гузошта шуд, чанд мактаби Белоруссия ва як мактаби шаҳри Москва низ ба номи ӯ гузошта шуданд.
19 августи
соли 1944
Ба командири эскадрилияи 34 капитан Иван Семенович Валухов ва командири эскадрилияи дуюми ҳавопаймоии гражданӣ майор Павел Иванович Тихонов – собиқ сардорони ҳавопаймоҳои минтақаи нақлиётии Душанбе, унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд.
5 ноябри
соли 1944
Ба командири полки ҳавопаймоии № 3-и дивизияи 10-уми нақлиёти ҳавоӣ капитан Григорий Алексеевич Таран – собиқ командири ҳавопаймои минтақаи Душанбе, унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд.
Марти соли
1945
Ба Раёсати ҳавопаймоии Тоҷикистон 3 ҳавопаймои Ю - 52 ва 1 адад Ли – 2 ворид гардиданд. Авиаторони тоҷик – иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо чунин ҳавопаймоҳо бисёр парвозҳои ҳарбиро анҷом дода, ба сари фашистон бомбаҳои марговар фурӯ рехтаанд. Ватан хизмати онҳоро баҳои баланд дод. Зиёда аз 200 нафари онҳо бо ордену медалҳои ҷангӣ сазовор шуданд. Авиаторон – занҳои соҳибирода ва халабонҳои аз фронт захмдор баргашта, дар корҳои нақлу ҳамли борҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ хизмати шоиста намуданд. Дар солҳои ҷанг зиёда аз 6 ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ ва наздик 50000 мусофир ба манзил расонида шуданд. Беш аз 1500 амалиёти санитарӣ иҷро гардиданд. Барои корҳои қаҳрамонона дар ақибгоҳ зиёда аз 100 нафар авиатори Тоҷикистон, аз ҷумла, 60 нафар занҳо бо медали «Барои меҳнати зарбдор дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» мукофотонида шудаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо