Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
тантана кушодаву мавриди истифода қарор дода шуд.
Ҳамчунин, моҳи июни соли 2018 дар арафаи таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» сохтмони терминали нави муосири боркашонӣ ба анҷом расида, бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ба истифода супорида шуд.
26 сентябри соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ толори қабули меҳмонони расмии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бунёду бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморию сохтмонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор додани толори қабули меҳмонони расмӣ бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дар сатҳи баланд ва тибқи анъанаҳои миллии халқи тоҷик қабул ва гусели намояндагони расмии кишварҳои хориҷ аз ҳисоби маблағҳои даромади ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» низ яке аз дастовардҳои даврони Истиқлол аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё