Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

БУНЁДИ ТЕРМИНАЛИ ЗАМОНАВИИ
ТАҚОЗОИ ЗАМОН БУД

Дастоварди дигари «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» сохтмони терминали боркашонии замонавӣ мебошад, ки бо дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷопон дар доираи лоиҳаи «Беҳтарсозии инфрасохтори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» амалӣ гашт.

Дар доираи лоиҳаи мазкур инчунин системаи фурудоии автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS), системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фуруди аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ва таҷҳизоти коркарди борҳои терминали боркашонӣ низ дастрас ва насб шуданд. Бо таҷҳизоти муосиртарин, системаи фурудоии автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS) ва системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии дақиқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) таҷҳизонида шудани фурудгоҳ минбаъд имкон медиҳад, ки ҳавопаймоҳо мутобиқи талаботи дараҷаи аввал, ки аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии авиацияи гражданӣ (ИКАО) муқаррар гардидааст, дар хати нишасту парвоз фуруд оянд.

Масоҳати умумии терминал 3713,8 м²-ро ташкил
медиҳад, ки аз ин 2404,1 м² барои анбор, 106,4 м²

пешина
аз 275
навбатӣ