Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

меъёрҳои махсуси қабулу гусели шаҳрвандони дохиливу меҳмонон таҳия ва амалӣ карда шудаанд, ки барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳону меҳмонони хориҷӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба онҳо ва ба ин восита вусъат бахшидани ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон равона гардидаанд. Аз ҷумла, барои мусофирати бароҳати сайёҳону меҳмонон дар толорҳои СИП шароити муосир фароҳам гардида, нархи хизматрасонӣ нисбатан арзон карда шудааст. Доира ва сатҳи хизматрасониҳои баланду ҷавобгӯи замонавӣ барои мусофирому сайёҳон пайваста васеъ карда мешавад. Боиси қайд аст, ки аз ҷониби мутахассисони хадамот технологияҳои иттилоотии системаҳои FIDS (хизматрасонӣ ва назораткунии хатсайрҳо), CUTE (платформа) ва AODB таҳия гардидаанд ва дар фаъолияти истеҳсолии фурудгоҳ бомуваффақият истифода мешаванд.

Мусаллам аст, ки беҳбуди сифати хизматрасониҳо ба мусофирон ва ҳавопаймоҳо дар мадди аввал, аз сатҳи касбии мутахассисони ин даргоҳ вобастагӣ дорад. Ҳадаф дар ин самт аз он иборат аст, ки кормандон мутобиқи стратегияи рушди соҳаи авиация ва талаботу стандартҳои ҷаҳонӣ омода карда шаванд. Бо мақсади баланд бардоштани савияи касбии кормандон

пешина
аз 275
навбатӣ