Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Тибқи талаботи байналмилалии фурудгоҳӣ иттилоот оид ба бақайдгирии мусофирон, бору бағоч, хизматрасониҳои амниятӣ, ҳуқуқӣ, сарҳадӣ, гумрукӣ ва ғайра ба забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ анҷом дода мешавад.

«Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» на танҳо дарвозаи ҳавоии Тоҷикистон, инчунин шиносномаи нахустини кишвар барои хориҷиён маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, роҳбарияти фурудгоҳ тамоми чораҳоро меандешад, ки он ҳамеша намуди ободу зебо дошта, таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ ҷалб намояд, то мусофирону меҳмонон худро бароҳату бехатар эҳсос карда, аз хизматрасониҳои баланду босифат бархурдор гарданд. Вуруди мусофирон ба ҳудуди «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» тибқи талаботи стандартҳои байналхалқии амниятӣ, яъне тавассути таҷҳизоту воситаҳои муоина, детекторҳои оҳанҷӯ, системаи мушоҳидаю сабти видеоӣ, дарҳои чархзананда ва ғайра сурат мегирад.

Барои меҳмонону сайёҳони кишвар дар толорҳои фурудгоҳ лавҳаҳо ва аломатҳои иттилоотию таблиғотӣ (рекламӣ) ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ насб шудаанд.

Бо фармоиши роҳбарияти фурудгоҳ тартибу

пешина
аз 275
навбатӣ