Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

ТЕХНИКАИ МУАССИСА - КАФОЛАТИ ФАЪОЛИЯТИ САМАРАБАХШ

Албатта, барои анҷоми босифати хизматрасонӣ омили техникӣ хеле муҳим аст. Аз ҳамин лиҳоз, роҳбарияти фурудгоҳ бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои рӯизаминии ҳавопаймоҳо ва ба қавӣ кардани заминаи моддӣ - техникии муассиса диққати доимӣ медиҳад. Дар солҳои охир беш аз 95 фоизи парки автомобилии фурудгоҳ нав карда шуда, як қатор мошину механизмҳои махсуси аэродромӣ дастрас гардиданд. Мошинҳои аз барфу ях тозакунии ҳавопаймоҳои тамғаи F-90 SI ва F-2000, автозинаҳои махсус, мошинҳои чангкашаки аэродромӣ, автотранспортёрҳо, ядакҳо, таҷҳизоти сайёри қуввадиҳанда, УМП (мошини универсалии гармкунанда), автобусҳои перронӣ, грейдерҳо, мошинҳои худрави боркунанда, экскаватору электрокарҳо, мошинҳои фаршшӯии тамғаи Н715-665, мошини ёрии таъҷилии тиббии «СИКАР-3868», лифти амбулаторӣ барои хизматрасонӣ ба маъюбон, мошинҳои муосири сӯхторнишонӣ, таҷҳизоти махсус барои аз хати парвозу фурудой берун кардани ҳавопаймоҳо ва ғайра аз ҷумлаи чунин техникаву таҷҳизотанд.

пешина
аз 275
навбатӣ