Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

ҲАМКОРИ БА ХОТИРИ РУШД

Масъалаи дигари муҳиме, ки имрӯз дар назди роҳбарияти муассиса истодааст, - ин дарёфти роҳҳои нави ба ҳамкорӣ ҷалб намудани ширкатҳои авиатсионии хориҷӣ ва ба ин восита мусоидат намудан дар татбиқи барномаи давлатии такмили сармоягузорӣ дар кишвар мебошад. Роҳбарияти фурудгоҳ дар ин самт ҷорӣ намудани низоми фазои озодро дар ҷумҳурӣ яке аз роҳҳои самаранок меҳисобад. Зеро татбиқи ин гуна низоми махсуси авиатсионӣ, ки озодкунии нархҳои истифодабарии фурудгоҳҳои ҷумҳуриро барои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар назар дорад, барои иқтисоди кишвар манфиатовар буда, роҳу имконоти ҷадиду фоиданоки ҷалби сармояҳои хориҷиро фароҳам меорад.

Чунончӣ, ифтитоҳи хатсайрҳои нав ва афзудани теъдоди ҳавопаймоҳои ширкатҳои авиатсионӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва аз хизмат-расониҳои фурудгоҳӣ - аз қабили хати нишасту парвоз, трапи телескопӣ, таваккуфгоҳ, нақлиёту таҷ-ҳизоти махсус ва ғайра истифода бурдани онҳо на танҳо боиси зиёдшавии даромаднокии муассисаи авиатсионӣ, балки ҳамзамон ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва

пешина
аз 275
навбатӣ