Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

«ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» -
ҶУЗЪИ КАЛИДИИ СОҲА

Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми октябри соли 2008 бо роҳи ҷудо шудан аз ҳайати Корхонаи воҳиди давлатии авиационӣ «Тоҷик Эйр» таъсис ёфта, аз ҳамон лаҳза дар таърихи аэронавигатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи навро боз намуд. Директори генералии ин корхона Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон мебошад, ки соли 2016 ба ин вазифаи масъулиятталаб таъин гашта, то ҳол фаъолияти пурсамарад дорад.

«Тоҷикаэронавигатсия» ягона корхонаест, ки бехатарии парвозҳоро дар фазои ҳавоӣ ва дар минтақаи фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. Фаъолияти «Тоҷикаэронавигатсия» ба иқтисоди кишвар ва рушди соҳаи авиацияи гражданӣ манфиатбахш мебошад. Аз ҳама муҳим, барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани иқтисодиёт ва аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар тариқи кушодан ва ба истифода додани роҳҳои нави ҳавоӣ саҳми бузург дорад.

пешина
аз 275
навбатӣ