Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ФарҳангТаърих
Аз аввал хондан

Пҳалӯи дигари манфиатҳо - ин таъмини парвози чархболҳо бо маълумоти метеорологӣ ва лозимаи парвозӣ бо истифодаи алоқаи барқии авиасионӣ ҳангоми иҷро намудани парвоз дар минтақаҳои баландкӯҳ мебошад. Ин намуди фаъолият бо мақсади интиқоли сайёҳону кӯҳнавардон (алпенист) амалӣ гардида, дар рушди сайёҳиву алпенизм саҳми арзанда гузошта мешавад.

Аз соли 2009 КВД «Тоҷикаэронавигатсия» корҳои назарраси манфиатоварро ба анҷом расонида, ҳамкории муштаракро бо вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳои давлативу хусусии дохиливу хориҷии кишвар ба роҳ мондааст. Ҳамчунин дар давоми зиёда аз даҳ соли фаъолият корхона як қатор таҷҳизотҳои аэронавигатсиониро азнавсозӣ намуда, сифати хизматрасонии аэронавигатсонӣ ва таъмини бехатарии парвозҳоро хеле баланд бардошт. Барои ҷавобгӯ будани фаъолияти мутахассисон ба талаботи Ташкилоти байналмилалии авиасияи гражданӣ (ИКАО - ин ташкилотест, ки соҳаи авиасияи граждании кишварҳои рӯи оламро назорат намуда, ба онҳо ҳар гуна тавсияҳо медиҳад, ки барои таъмини бехатарии парвозҳо аҳамияти хосае дорад) корхона бозомӯзии соҳавии мутахассисони худро дар давлатҳои Чехия,

пешина
аз 275
навбатӣ