Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
роҳи оҳан ниҳоят душвор буда, хароҷоти калон ва вақти зиёдеро талаб мекард. Маҳз аз ҳамин сабаб мушкилии нақлиётӣ дар шароити Тоҷикистон танҳо бо ёрии авиатсия зудтар ҳал кардан мумкин буд. Аз ин хотир, алоқаи доимии авиатсионӣ байни Душанбе ва маҳалҳои аҳолинишин назар ба роҳи оҳан ва нақлиёт хеле пештар ба роҳ монда шудааст. Дар ибтидои соли 1924 муҷаҳҳазгардонии хатсайри ҳавоии Душанбе – Бухоро шурӯъ шуд, ки мушкилиҳои зиёдро дар пай дошт: норасоии мутахассисон, набудани роҳҳо барои дастрас намудани масолеҳ ва механизмҳои сохтмонӣ, инчунин релефи ноҳамвор низ мушкилии дигарро эҷод менамуд, ки интихоб ва муҷаҳҳазгардонии аэродромҳоро душвор мегардонид. Аммо новобаста аз тамоми монеаҳо, корҳо амалӣ шуданд ва дере нагузашта парвози аввалин анҷом дода шуд, ки ин парвоз ибтидои рушди соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Парвози мазкур аз шаҳри Бухоро ба шаҳри Душанбе буд, ки 3 сентябри соли 1924 амалӣ гардид. Ин парвоз барои ҷумҳурӣ хеле муҳим дар ҳавопаймои Ю-13, ки онро Рашидбек Аҳриев ва Петр Комаров идора мекарданд, анҷом дода шуд.
Кушода шудани хатсайри Бухоро – Душанбе бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё