Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
умумии инкишофи ин адабиёт берун буд. Зеро муҳити адабии Самарқанд аз ибтидо то ба имрӯз як рукни таркибии адабиёти форсии тоҷикиро ташкил медиҳад. Ба таври алоҳида баррасӣ намудани ин мавзӯъ фақат ба хотири барҷаста намудани нақши бузурги Самарқанд ва самаркандиён дар рушди адабиёти форсии тоҷикӣ мебошад ва он ҳам ба ифтихори бузургдошти 2750-солагии он. Ва ин кӯшиши мо идомати он корҳоест, ки пеш аз мо адабиётшиноси номии тоҷик Садрӣ Саъдиев, ки зодаю парвардаи Самарқанд аст, карда буд, мисли тадқиқоти пурарзиши «Сӯзанӣ ва муҳити адабии Самарқанди асри XII» (1974), «адабиёти тоҷик дар асри XVII» (1985), фасли «Адабиёти асри XVII» дар китоби «Адабиёти тоҷик. Асрҳои XVI-XIX ва ибтидои асри XX» бо ҳаммуаллифии Р.Ҳодизода ва У.Каримов (1988). Аммо ман гумон мекунам, ки ин корҳо ибтидои тадқиқи нақши Самарқанд дар рушди адабиёти форсии тоҷикӣ мебошад. Омӯзиши ҳаматарафаи осори адибони самаркандии давраҳои гуногун, муҳити адабии Самарқанд, падидаҳои адабии марбут ба он ва ғ. аз вазифаҳои муҳими адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик ба шумор меравад.
Аълохон Афсахзод
МАРДИ ФАРЗОНА
Беш аз бисту ҳафт сол аст, ки ӯро мешиносам, ошнову дӯст ва ҳамкор ҳастам. Аз ин пештар низ мухлиси эшон будам. Солҳое, ки дар дорулфунун мехондам, он кас аллакай адабиётшинос ва мунаққиди шинохта буданд. Баъди аз наздик шинос шудан ихлосам қавитар шуд. Соли 1961 маро баъди хатми Донишгоҳи давлатии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё