Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Саҳми зодагони Самарқанд, онҳое, ки муқими шаҳри Душанбе буданд ва ҳастанд ва ё аз Тоҷикистон дар хориҷ намояндагӣ мекунанд, маҳсусан дар таҳаввул ва такомули адабиёт, адабиётшиносӣ ва нақди адабии кунунии тоҷик, бидуни муҳобот, бузург мебошад. Адабиёти нави тоҷикро бе ном ва асарҳои Тӯрақул Зеҳнӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Расул Ҳодизода, Камол Айнӣ, Ҳабиб Аҳрорӣ, Шавкат Ниёзӣ, Шамсӣ Қиёмов, М. Рабиев, Ю. Бобоев, Э. Муллоқандов, Шодон Ҳаниф, Аслам Адҳам, Наримон Бақозода, Ҷӯра Бақозода, Ҳамроқул Шодиқулов, Баҳром Шермуҳаммадов, Саъдӣ Маҳдиев, Насим Раҷабов, Сафия Носирова ва дигарон наметавон тасаввур кард. Ба зинаи камолот расидани наср, назм, драматургия, тарҷума, адабиёти кӯдак, адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷикӣ бо номҳои онҳо вобаста мебошад.
Дар замони шӯравӣ сафи адибони самарқандӣ дар ҶТ асосан аз ҳисоби хатмкунандагони факултети забон ва адабиёти тоҷикии Донишгоҳи Самарқанд пурра мегардид. Афсӯс, ки бо пош хӯрдани Шӯравии собиқ ва истиқлол ёфтани ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, аз он ҷумла Ӯзбекистон, пеши роҳи ин доду ситад миёни ин мамлакат ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуд. Ҳамчунин аз Самарқанд барои таҳсил ба Душанбе омадани донишҷӯён ҳам тақрибан ба назар намерасад. Муассисаҳои адабӣ ва фарҳангӣ, донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки анъанаи судманди табодули мутахассисон ва донишҷӯёнро аз нав барқарор намоянд, то ки робитаҳои адабию фарҳангии Самарқанди бостонӣ бо Тоҷикистон канда нашавад.
Аз нақши Самарқанд дар рушди адабиёти форсии тоҷикӣ ба таври ҷудогона сухан рондан ҳаргиз маънои онро надорад, ки муҳити адабии Самарқанд аз раванди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё