Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

гоҳ онро қироат мекардааст ва дар он вожаҳои тоҷикӣ фаровонанд:

«Дӯст бепарво, фалак бераҳм, даврон бесукун,
Дард ҷӯҳ, ҳамдардӣ ӯҳ, душман қавӣ, толеъ забун.
Ҳар сиҳиқад ҷилваси бир сели тӯфони бало,
Ҳар ҳилолабрӯ қоши бир сар хати машқи ҷунун...»
(саҳ. 17)

Модаркалонҳо, амакҳо, аз ҷумла Бақохон, Ризохон, Ҷаъфархон (Расули наврас соли 1936 бори аввал бо ӯ ба Сталинобод рафта, бо адибони тоҷик Суҳайлӣ, Ғанӣ Абдулло шинос шуда будааст) – ҳама аҳли маърифатанд.

Муаллиф дар асар оид ба як қатор гузарҳо (маҳаллаҳо)-и Самарқанд, аз ҷумла гузарҳои Қозӣ Калон, Маданият, ки овони кӯдакию наврасиаш дар он ҷоҳо гузаштааст, бо як таваҷҷуҳи хоса маълумот медиҳад. Аз ҷумла оид ба гузари Маданият сухан ронда, ба номаш муносиб будани аҳли ин маҳалларо ёдовар мешавад. Ӯ одамони номдори ин ҷо, аз қабили маорифпарвар ва фарҳангпешагон Осим Исмагӣ, Обид Исмагӣ, Зиёдулло Шаҳидӣ, Аъзамхон Шаҳидӣ, Аъламхон Шаҳидӣ, Ғанӣ Саломзода ва дигаронро боэҳтиром ёдовар шуда, мақому манзалати ҳар яке онҳоро дар инкишофи фарҳангу маорифи Ӯзбекистону Тоҷикистон зикр кардааст.

Умуман дар китоб Самарқанд ҳамчун шаҳри маърифат ва фарҳанг талқин карда шудааст. Муаллиф бо вуҷуди солиёни зиёде аз Самарқанд дур буданаш ҳамеша бо ин шаҳри тамаддунҳо, ки зодгоҳи муқаддаси ӯст, робитаи мустаҳкам доштанаш ва ҳатто пайвандонаш ҳам анъанаҳои ӯро давом дода истоданашон сухан ронда, бо камоли ифтихор чунин менависад:

«Ман соли 1944 аз Самарқанд баромадаам. Ва дар муддати зиёда аз шаст сол ҳамеша дар Самарқанд, бо

пешина
аз 315
навбатӣ