Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
дӯстону хешовандони самарқандӣ, бо аҳли гузари худ будам. Ғайр аз сафару иштирок дар тӯю маъракаҳо, ба ҷуз хондани лекция дар факултаҳои тоҷикии Донишгоҳ ва Институти педагогӣ (Расул Ҳодизода ҳамчун донишманди таърихи адабиёт барои хондани маърӯзаҳо ва ҳамчун раиси имтиҳоноти давлатии хатмкунандагони факултети филологияи тоҷик бо дархости маъмурияти Донишгоҳи давлатии Самарқанд борҳо ба ин шаҳр даъват шудааст — А. Қ.) ҳар сол тобистон бо аҳли оилаам ду-се моҳ дар Самарқанд иқомат доштам. Аз ин ҷост, ки фарзандони ман дар рӯҳи самарқандӣ ба воя расидаанд ва ҳамсарам, ки бухориюасл аст, Самарқандро шаҳри дувуми худ медонад» (саҳ. 35).
Дар гузашта сокинони шаҳри Самарқанд дар атрофи шаҳр боғоту киштзорҳо доштанд (то андозае ба «дача» - бӯстонсароҳои имрӯза монанд) ва бо фаро расидани баҳор ба он ҷоҳо рафта, пайваста бо боғдориву кишоварзӣ машғул мешуданд ва тамоми тобистонро он ҷо гузаронида, тирамоҳ боз ба шаҳр бармегаштанд. Муаллиф дар ин хусус дар боби «Қиссаи Боғи қавола» сухан ронда, боғоти Самарқандро бо як нигорандагии хоса тасвир мекунад ва дар замони соҳтори колхозӣ аз дасти мардум кашида гирифта шудани ин боғҳоро бо як таассуф ёдовар мешавад.
Маълум аст, ки шаҳри қадимаи тоҷикон Панҷакент, ки дар болооби Зарафшон ҷойгир аст, аз азал бо Самарқанд ҳамбастагӣ дошт. Одатан зимистон бисёре аз мардони кӯҳистони Панҷакент ба Самарқанд фаромада, дар ин ҷо кор ёфта, бо мардуми Самарқанд дӯстиву бародарии мустаҳкаме пайдо мекарданд.
Дар солҳои сиюми асри гузашта бархе аз мардуми Самарқандро лозим шуд, ки ба Панҷакент рафта зиндагӣ ба сар баранд ва сабабҳои инро муаллиф дар бобҳои бо Панҷакент вобастаи китоб аз дидгоҳи худ нақл кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё