Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Вай дар ҳамин ҷо бо хонаводаи Усто Олими самарқандӣ унс пайдо кардани аҳли оилаи худ, бо Носирҷон Маъсумӣ шинос шуданашро, дар бунёди Омӯзишгоҳи педагогии Панҷакент иштирок намудани як зумра маорифпешагони Самарқанд, ки дар қатори онҳо падару амаки муаллиф низ будаанд, бо камоли мамнуният ёдовар мешавад.
Умуман, хизмати омӯзишгоҳҳои ҳамонвақати педагогӣ дар рушду камоли маорифи Тоҷикистону Ӯзбекистон аз баъзе донишкадаҳои имрӯза болотар буд гӯем, хато намешавад. Дар ин бобат фаъолияти Омӯзишгоҳи педагогии тоҷикии Самарқанд, ки он низ солҳои сиюм созмон дода шуда буд ва дар ин хусус дар китоб саҳифаҳои дурахшон ба назар мерасанд, низ ҷолиби диққат аст. Муаллиф дар хусуси ин омӯзишгоҳ сухан ронда, устодони нахустини он Тӯрақул Зеҳнӣ, Абдулҳамид Бақозода, Фаттоҳ Раҳматзода, Холиқ Мирзозода, Аҳмад Камолӣ, Маҳмуд Исмоилзода, Рейс, Ҳабиб Юсуфӣ, Раҳим Эгамбердиев (Раҳмон Эгамбердиев, ки сониян солҳои зиёде дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд аз забони тоҷикӣ дарс дода буд – А.Қ.) бо як ҷаҳон ифтихор сухан меронад, сифату фазилатҳои онҳоро ёдовар мешавад. Вай аз ҷумла дар бораи Қамариддин Шамсиев, ки он солҳо дар омӯзишгоҳ аз фанни ҷуғрофия дарс медодааст, сухан ронда, дар ба ҷанги солҳои 1941-1945 иштирок кардани ӯ, баъди аз фронт баргаштан ҳамчун рӯзноманигор дар «Овози тоҷик» адои вазифа намуда, соли 1992 дар 87-солагӣ вафот кардани ӯ маълумот додааст.
Муаллиф инчунин устодони худ Муҳаммадӣ Ҳақбердиев, Владимир Иванович Орлов ва дигаронро, ки яке бо одобу рафтор, хушлибосиву муомилаи хуб, дигаре бо шеърдониву шеъргӯии худ ба дилу ёди шогирдон сахт нақш бастаанд ва дар ташаккули ҷаҳони маънавии онҳо мақоми хосае доштаанд, боэҳтиром сухан меронад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё