Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Шарқ ва даштҳои шимолро қариб то сарҳадоти Русия таҳти итоати худ дароварад. Ва бо ҳамин суръату комгорӣ ӯ муваффақ шуд, ки дар муддати сӣ сол Самарқандро ба яке аз шаҳрҳои зеботарину сарватмандтарини Шарқ, ба пойтахти овозадори давлати ҷаҳоншумули худ табдил диҳад..

Аз шаҳри харобу вайронаи асри муғул ба маркази бузурги сиёсию иқтисодӣ, маданию фарҳангӣ табдил ёфтани Самарқанд худ як мӯҷиза буд. Дар ин кор бешак хирадмандию мудаббирӣ, қувваи ташкилотӣ ва завқи баланди зебоишиносии амир Темур омили қатъӣ гардид...

Темур дар сохтани боғҳои пуршукӯҳ дар Самарқанд ва атрофи он худ сарварӣ намуд. Чандин ҷоҳои зебо ва боғоту марзери Самарқанд ҳоло ҳам бо номи боғҳои замони Темур машҳур аст....» (саҳ. 48)

Сипас бобҳои «Тақдири хузнангези Самарқанд пас аз суқути темуриён», «Самарқанд пас аз истилои рус», «Самарқанд дар солҳои ҳокимияти шӯравӣ» ва «Давраи «азнавсозии Самарқанд»» оварда шудааст, ки ҳар яке аз онҳо як давраи муайяни таърихи Самарқандро пеши назари хонанда ҷилвагар менамояд.

Яке аз фаслҳои калонтарини китоб «Гузарҳои Самарқанд» номида шуда, муаллиф дар ин боб дар ибтидо дар бораи вожаи «гузар» маълумот дода, оид ба мавқеи гузар ва гузардорӣ дар ҳаёти иҷтимоии мардуми Самарқанд аз асрҳои гузашта то рӯзҳои мо маълумоти ҷолиб медиҳад.

Дарвоқеъ ҳам таърих гувоҳ аст, ки Самарқандро дар давоми асрҳо пеш аз ҳама мардуми меҳнатқарину соҳибфарҳангаш, бинокору боғбонони гулдасташ ободу зебо карда, мувофиқи талаботи давру замон ба ин шаҳр ҳусни тоза зам карда омадаанд. Бо мурури замон дар мавзеъҳои гуногуни шаҳр маҳалҳои истиқоматӣ бунёд

пешина
аз 315
навбатӣ