Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
қӯшуни худро барои тасхири мулкҳои Хоразм, Порт, Бохтар ва Суғд дар Осиёи Миёна равона мекунад. Дар ҷангҳои сахт бо бераҳмию хунрезӣ Куруш ин мулкҳоро забт мекунад, бисёр мардуми маҳаллиро ба қатл мерасонад ва асирони бешуморро ба Эрон мебарад. Дар манбаъҳои юнонӣ ва навиштаҷоти рӯи санги кӯҳи Бесутун аз Самарқанд ном бурда намешавад, аммо бозёфтҳои археологӣ собит намуданд, ки дар он аср пойтахт он шаҳри калонтарини Суғдиён дар Афросиёб воқеъ будааст.
Ва ин ҳамон шаҳри Самарқанд буд, ки муаррихони юнонӣ онро Мароканда номзад кардаанд. Инак, таърихи бинои бунёди Самарқанд аз ҳамин аср гирифта шудааст ва аз рӯи шумори таърихӣ дар охири асри XX аз бунёд ёфтани шаҳр дар Афросиёб ду ҳазору панҷсад сол гузаштааст...»5
Хонанда аз китоби мазкур бори дигар аз ҳамлаи муғул ба Самарқанд ва аз ҷониби лашкари ӯ ба харобазор табдил додани ин шаҳри обод бо таАССУФи ғамангез огоҳ мегардад.
ЯК боби ин фасл «Самарқанд дар замони Темур ва темуриён» ном дошта, дар ин боб муаллиф оид ба пойтахти салтанати Темур интихоб шудани Самарқанд ва дар замони ҳукмронии темуриён ободу пуршукӯҳ гардидани шаҳр, ривоҷу равнақ пайдо кардани ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании он хеле боифтихор ва қаноатмандӣ сухан меронад. Чунончи вай менависад:
«Дарвоқеъ ҳам пас аз фатҳи Самарқанд ва ба сифати
пойтахти давлати навбунёди худ интихоб намудани ин
шаҳр футуҳоту кишваркушоии Темур бо тезӣ ва
бомуваффақияти ҳайратангез суръат гирифт ва дар тӯли
қариб зиёда аз сӣ сол тавонист сарзаминҳои паҳновари
5 Расул Ҳодизода, Самарқанднома, Нашриёти «Адиб», Душанбе,
2007, саҳ.20. (Минбаъд порчаҳо аз ҳамин нашри китоб гирифта шуда,
баъд аз матн дар қавсайн саҳифаи китоб нишон дода мешавад – А.Қ.)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё