Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

сабзавоту хиёр, помидору бодинҷон... хуллас анвои ҳосили замини Маҳалла шуҳрат ва ҳосили полизҳои деҳқонони Маҳалла сифати хуб, мазаи хуше ҳам дорад...

Дар Маҳаллаву Равонак мактабҳои нахустини усули нави замони шӯравӣ кушода шуда буд. Аз ин деҳкада, яъне Маҳалла донишмандони варзида ҳам зуҳур кардаанд. Яке аз муаллимони нахустин ва забоншиноси маъруфи тоҷик Баҳром Ҳоҷизода (1900-1936) зодаи ҳамин Маҳалла буд. Шодравон муаллифи китобҳои забони тоҷикӣ буд. Чандин шогирду донишманди ҷавонро таълиму тарбия додааст. Вай ҳамагӣ сиву шаш сол умр дид, аммо дар таърихи фарҳанги нави тоҷикӣ пай боризе аз худ гузоштааст. Дарего, ки имрӯз ин ҷонсупори забони адабиро на ҳамеша ба ёд меорем.

Холиқ Мирзозода донишманд ва устод дар таърихи адабиёти форсу тоҷик (1911-1991) низ дар ҳамин Маҳалла таваллуд шудааст. Солиёни дароз дар Душанбе ба таҳқиқи таърихи адабиёт ва тадрис дар донишгоҳҳо хизмат намуда, дар авохири умр боз ба зодгоҳаш баргашт ва ҳамон ҷо аз олам чашм пӯшид» (саҳ. 225).

Ҳамин гуна маълумотҳои ҷолиби диққат нисбат ба маҳалҳои дигар ва одамони номдори он дар бобҳои «Аз Дарвозаи Хоҷа Ахрор то боғоти Хоҷа Ахрор», «Аз Дарвозаи қаландархона то деҳаи Тайлок», «Боғи Баланд ва Боғи Майдон» низ бо далелу санади боварибахш оварда шудааст.

Фасли дигари китоб «Осори меъмории таърихӣ» номида шуда, он низ аз бобҳои ҷудогона, ки ҳар кадоме ба таърихи бунёд ва ҳолати имрӯзаи як масҷид ё мақбара бахшида шуда, дар баъзе маврид аз санадҳои таърихӣ, нақлу ривоятҳои мардумӣ дар бораи онҳо, аз китобу рисолаҳои донишмандон ва осори адабии гузаштагон истифода мешавад. Аз ҷумла дар ин фасл оид ба таърихи бунёди Чӯпон-ато, Расадхонаи Улуғбек, Мазори Хоҷа

пешина
аз 315
навбатӣ