Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Дониёл-пайғамбар, Масҷиди Хизр, маҷмӯаи ёдгориҳои «Шоҳи Зинда», «Масҷиди ҷомеъ — мадрасаи Бибихоним» мадрасаҳои майдони Регистон, Чорсӯ, Руҳобод, мақбараи Амир Темур машҳур ба «Гӯри Амир», Оқсарой, Ишратхона, инчунин чанде аз зиёратгоҳҳои беруни шаҳри Самарқанд аз қабили мақбара ва зиёратгоҳи Имом Бухорӣ, мақбара ва масҷиди Хоҷа Аҳрор, мазори кутби чаҳордаҳум, мазороти Хоҷа Абдуи Берун ва Хоҷа Абдуи Дарун, мақбараи Махдуми Аъзам маълумоти ҷолиби диққат бо шарҳу эзоҳоти ҷудогона дар бораи таърихи бунёди онҳо, истифодаи масолеҳи бинокорӣ дар онҳо ва ғайра маълумот медиҳад.
Муаллифи китоб дар бораи таърихи бунёди мадрасаҳои Самарқанд ва дастуру барномаҳои таълимӣ дар онҳо, вазъи бозору корвонсарой, васоили ҳамлу нақл, ҳаммомҳои ин шаҳри қадима, ки дар қади Роҳи Бузурги Абрешим ҷой гирифтааст, нақли аҷоибе мекунад, ки бештарини онҳо дар китобҳои дигари дар бораи Самарқанд навишташуда ба чашм намерасанд.
Китоб бо боби «Поёни сайри Самарқанд» ба охир расида, ин ҷо муаллиф бори дигар самарқандиёнро, ки шаҳри худро ба олам машҳур кардаанд, бо ифтихор ёдовар шуда, аз зодаи ҳамин ҷо будани худ ифтихор карда мегӯяд:
«Ман ба Самарқанд зуд-зуд сафар мекардам... Осмони ин ҷо, фазои ин ҷо, ҳавои ин ҷо бӯи таърихро ба машом мерасонад, Самарқанди таърихӣ ва овони ҷавониямро ба ёд меорад.
Ман ба гузарҳои Сӯзангарон, Сӯфӣ Розиқ, Қозикалон, Тошкандӣ, Чақар, ба боғоти Мӯлиён, Равонак, Боғи майдон, Даштаки боло, Шалгамон, Хоҷа Аҳрор ба дидори хешону дӯстон меравам. Регистону Шоҳи Зинда, Гӯри Миру Расадхонаи Улуғбек, қабрҳои падару модар ва гузаштагонамро зиёрат мекунам. Дар ин сайругашт

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё