Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
худ мақолаву хотирот ва лавҳаҳои ҷудогонаро интишор додаанд. Ҳодизода аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар таъйин ва муайян намудани мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии Садри Зиё ба таҳриру хатоҳои фоҳиш роҳ додаанд. «Ишон бе ҳеҷ таҳлили холисона ва бе иртибот бо авзои замон, - қайд кардаанд Ҳодизода,- Садри Зиёро ба сафи маорифпарварон ва ҳатто қариб ба мақоми пешвои маорифпарварӣ гузоштааст». (Ҳамон асар, саҳ. 185). Устод Ҳодизода андешаҳои хешро роҷеъ ба эҷодиёти Садри Зиё идома дода таъкид намудаанд, ки «Садри Зиё дар ҷомеаи Бухорои ибтидои қарни 20 мақоми муайян дорад. Мақоми таърихии осори адабии ӯро на тамҷиду таърифҳои Шакурӣ баланд мекунад, на таҳриму таҳдиди муқобилони вай коҳиш медиҳад» (Ҳамон асар, саҳ. 186). Устод Расулхон Ҳодизода барои аҳли адаби имрӯзу фардои тоҷик ва умуман адабиётшиносии мо хотирнишон кардаанд, ки Садри Зиё аксари осори пуркиматашро аз рӯзгори сиёсиву фарҳангии замонаш баъд аз Инқилоби Октябри солҳои бистуми асри гузашта эҷод намудааст. Ӯ, ки яке аз мансабдорони амирӣ буд, магар дар замонаш ҷуръат карда метавонист, ки андешаҳои хешро ба ин мазмуну ба ин назар таълиф намояд. Устод Ҳодизода дуруст қазоват намудаанд, ки «Мо бояд Садри Зиёи давраи аморат ва солҳои баъд аз инқилобро тамйиз диҳем» (Ҳамон асар, саҳ. 186).
Расулхон Ҳодизода дар бораи устодонашон С.Айнӣ, Иосиф Брагинский ва дигарон дар чанд ҷои ёддошташон суханҳои нек гуфтаанд, изҳори сипосу миннатдорӣ намудаанд. Эшон хосатан симои воқеии Брагинскийро тасвир карда, хизматҳои ӯро дар соҳаи омӯзиши фарҳанги мардумони мо, хосатан эҷодиёти шифоҳии бадеии тоҷик воқеъбинона арзёбӣ намудаанд. Эшон изҳори доштаанд, ки Иосиф Брагинский оғоз аз Авесто то

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё