Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
адабиёти қарни 20-и тоҷик дар осори ёдгориҳои адабиёти хаттӣ унсур ва осори мардумӣ пажӯҳиш бурдаанд. Махсусан дар монографияи докториашон, ки «Аз таърихи назми шифоҳии мардуми тоҷик» унвон дорад, роҳу равиши хоси худро, дар соҳаи фолклорпажӯҳиву адабиётшиносӣ дар асоси манбаъ ва маъхазҳои бостонӣ таълиф намудааст, таваққуф намуда, изҳори ақида намудаанд, ки Брагинский дар илм роҳу равиши худро дошт.
Устод Ҳодизода изҳори андеша намудаанд, ки Иосиф Брагинский дар таҳқиқи масъалаҳои таърихи адабиёт бориксанҷ буданд. Навиштаҳояшон бештар ба доираи васеи хонандагон нигаронида шудааст. Эшон асарҳои хешро «ҷолибу ҷозиб ва бо эҳсосу оҳанги таблиғу тарғиб» менавиштанд. Тибқи изҳори устод Расулхон Ҳодизода Иосиф Брагинский ҳангоми пажӯҳиш роҳу равиш ва усули таҳрири хоси худро доштаанд, ки намунаи он асари ҷолиби эшон «Дувоздаҳ миниатюр» роҷеъ ба дувоздаҳ чеҳраи дурахшони адабиёти форсу тоҷик мебошад.
Бахши дигари тадқиқоти илмии Брагинский ба масъалаҳои назариявии давраҳои адабӣ ва ҷараёнҳои бадеӣ рӯӣ овардан, онро тавъам бо қонунҳои адабиёти ҷаҳон тадқиқ ва баррасӣ намудан буд. Яке аз муҳимтарин иқдом ва кашфи Брагинский тибқи андешаи Ҳодизода он буд, ки эшон ба давраи адабиёти охири асри 19 ва аввали асри 20, ки бо унвони бадномшудаи «ҷадидизм» мавсум буд, истилоҳи саҳеҳ ва дурусти «маорифпарварӣ»-ро пешниҳод намудаанд. Ва ин истилоҳ дар солҳои баъдӣ ба ғайр аз адабиёти тоҷик ба давраҳои навини бисёр адабиёти мардуми Шарқ писанд омада, қабул гардида буд. Доир ба масъалаи адабиёти маорифпарварии миллии мардуми Осиёи Миёна ва Қафқоз ҳамоишҳои бонуфузи илмӣ созмон ёфтаанд, ки ташаббускори онҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё