Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

зоҳиру ботини табақаҳои ҳукмрон, ҷаҳолату ғафлатзадагии он давраро дар асарҳояш мазаммат намуда, ҳамзамон чун мутафаккири ислоҳотҷӯ бо ҷасорати ошкоро роҳу усулҳои аз рӯи адолат ва тартиби муайян идора кардани давлат ва ҷомеаро нишон додааст. Дар нигоштаҳои ӯ як навъ таҷзияи фарҳангу давлатдории Машрику Мағриб ба мушоҳида мерасад. Мутафаккир дар натиҷаи омӯзиши таҷрибаи зиндагӣ ва сафарҳояш ба Русия итминони комил ҳосил намуд, ки мардуми Машриқзамин, алалхусус, Бухоро, ҳанӯз дар қайди хоби гарону ғафлатзадагии асримиёнагӣ мондаанд ва аквоми кишварҳои аврупоӣ дар ҷодаи пешрафту тараққӣ гомҳои устувор мегузоранд, шаҳру кӯшк, қасрҳои олишон, муассисоти фарҳангиву маърифатӣ месозанд ва ин ҳама аз равнақи маорифи он кишварҳо, арҷгузорӣ ба илму дониш ва тамаддуни бунёдкор дарак медиҳад. Аҳмади Дониш ислоҳи ҳама иллату нобасомонӣ ва барқарор намудани мақоми Бухорои шарифро ба ҳайси гаҳвораи илму тамаддун ба равнақи маърифату маориф марбут медонист. Ӯ ба ҳайси як зиёии сарсупурдаи замони хеш ба ҷуз ободиву сарсабзии қаламрави Аморати Бухоро ва аз сатҳи пасти сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавӣ ба авҷи тараққиву инкишоф рӯӣ овардани мардуми он ҳадафи дигаре надошт.

Профессор Расул Ҳодизода марди бисёрфан буд ва агар дар рисолаҳояш «Баъзе масъалаҳои омӯхтани таърихи адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри XIX», «Аҳмади Дониш», «Шоҳин» масоили умда, мавзӯъ, мундариҷа ва муҳимтарин хусусиятҳои бадеии адабиёти асри XIX-ро муайян карда бошад, бо таълифи «Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ» (дар ҳамкорӣ), рисолаву маҷмӯаҳои «Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои XII-XIV», «Аз гузашта ва имрӯзаи адабиёти тоҷик», «Аз Рӯдакӣ то имрӯз», «Тасаввуф дар адабиёти форсу тоҷик»,

пешина
аз 315
навбатӣ