Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Абдулҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон

ФИДОИИ ИЛМ

Чанде пеш дар дил ба худ ваъда додам, ки дигар ягон хоҳишро намепазирам ва бори азияти мағзу чашмонамро намеафзоям. Ҳукми рафтани умр: заъфи нури чашм, бозии набзу фишори хун ба ин водор кард.
Дар ин маврид овози хастаи ҳаким Фирдавсӣ аз дуриҳои дур ба гӯшам расид:
Дареғ он гули мушки хушоби сӣ, ...
Вале соате баъд хоҳиши Анзурати Маликзод — корманди Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти АИ дар бораи навиштани ёдворае аз ҷойгоҳи шахсият ва хизмати профессор Расул Ҳодизода дар адабиёт миёни аҳдро шикаст, ҳатто шодам кард. Гап сари ин ки мобайни солҳои 90-уми асри бист, замони гирудорҳои фоҷиабор, ноумедиву оворагии мардум, ноумеду дилхаста будани аҳли илму адаб аз рӯйи вазифа бо чанде аз пажӯҳишгарон дар гуфтугӯйи телевизионӣ тасвири мавзӯъҳои таърихӣ ва чеҳраҳои давлативу фарҳангии гузашта дар осори бадеӣ ширкат варзидам. Табиист, ки зимни суҳбат ному насаби адибони бузургсолу ҷавонро бо унвони асару қаҳрамонҳои офаридаашон бадоҳатан кӯтоҳ номбар кардам, ки риштаи гап ба дарозо накашад ва дигарон низ ибрози андеша намоянд. Изҳори доштаанд, ки гуфтугӯ хуб анҷом ёфт. Вале пас аз интишори барнома чун дар саҳни Иттифоқи нависандагон ба Расул Ҳодизода рӯ ба рӯ омадам, ҳангоми салому пурсупос вай бо нигоҳе роздор аз паси айнак ва табассум гилаомез гуфт:
— Мулло, суҳбатро аз телевизор дидам. Нағз. Лекин ман ҳам роману қиссаи таърихӣ чоп карда будам...

пешина
аз 315
навбатӣ