Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

инсони шарифест. Дақиқназариву дақиқкориҳояш дар илм, худшиносиву дурандешиҳояш дар адабиёт, реза — реза қадамгузориҳояш дар замини озорхӯрдаи мо чеҳраи ӯро хеле гиромӣ ва худи ӯро дар назар солор менамуд. Мо дар тасвири рӯҳия ва ботини шахсиятҳое чун Аҳмади Дониш, Савдо, Шоҳин, Садри Сарир бешак, самимият, озодандешӣ ва ҷасорату одамият симои офаринандаи ин чеҳраҳои адабиро равшан эҳсос мекунем.

Олим ва нависандаи маҳбуби мо, ки фарзанди арҷманди Самарқанд аст ва аз он, ки зодгоҳаш - маҳалли рушду тараққии шеъру адаб ва илму андешаи ноби тоҷикон, ифтихори зиёде дошт. Ин донишманди нотакрор дар рушди шоҳаҳои гуногуни илми суханшиносии тоҷик саҳми босазо гузошт ва ёду кори неки ӯ тавассути китобҳои мондагораш, дар симои шогирдони зиёди қадршиносаш, ки дар нуқтаҳои гуногуни кишварҳои Эрону Афғонистон, Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Русияву ҷойҳои дигар мактаби адабии ӯро идома медиҳанд, зиндаву ҷовидонист.

Устод Расул Ҳодизода умри босамари хешро сарфи илму фарҳанги миллати азизаш намуда, чун нависанда, олим, тарҷумон ва донандаи таъриху адаби тоҷикон пайваста ба кашфи саҳифаҳои нотакрори корнамоиҳои илмӣ ва таърихӣ машғул буд. Ёди ин устоди фарзона гиромӣ ва ҷойгоҳаш биҳишт бошад!

пешина
аз 315
навбатӣ