Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

“Бадоеъ-ус-саноеъ” хеле саргардону арабӣ ҳам шуда будам, меандешидам, ки қасидаҳои ӯро аз куҷо, бо чӣ роҳу восита меёбанд? Ана дар ҳамин ҳолати дилтангӣву ноумедӣ Расул Ҳодизода ба имдод расид. Вай бо хоҳиши вазири маорифи он вақт Абдуҷаббор Раҳмонзода аз хазинаи хеш қасидаҳои Шамсиддин Шоҳинро, ки солҳои пеш ҳангоми ковишу пажӯҳиш аз Институти дастхатҳои Тошканд нусхабардорӣ карда будааст, барои баргардону нашр супорид. Ва соли 2006 “Куллиёт”-и Шоҳин бо пешгуфтори профессор Расул Ҳодизода бо зевари чоп ба дасти хонанда расид.

Ёди инсонҳои заҳматписанд, фозилу боназокат, хосса фидоиёни илму адаб дил равшан мекунад. Профессор Расул Ҳодизода дар ҳамин саф буд. Ёдаш гиромӣ бод!

23.10.2021

Муҳриддин НИЗОМӢ

ДУРАХШИ СИТОРАЕ ДАР ТИРАШАБ

Расул Ҳодизода аз ҷумлаи донишмандон ва нависандагони пуркори тоҷик аст, ки дар рушди адабиётшиносӣ, нақди арабӣ ва насри муосир нақши бориз доранд. Як идда осори илмии эшон, ки ба таҳқиқи давраҳои муайяни таърихи адабиёти тоҷик, шахсиятҳои адабию таърихӣ, ҷараёнҳои мафкуравию адабӣ бахшида шудаанд, арзиши баланди илмӣ доранд ва заминаи мусоиде барои таҳқиқи масъалаҳои алоқаманд ба мабоҳиси мазкур барои адабиётшиносони наслҳои баъди ӯ гардидаанд. Бахусус, таҳқиқоти эшон дар заминаи адабиёти асри XIX ва шахсиятҳои адабии ин давра аз

пешина
аз 315
навбатӣ