Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

аҳамияти вижа бархурдор аст, ки дар ин замина чанд рисолаи арзишманд таълиф ва нашр кардааст, ба монанди “Баъзе масъалаҳои омӯхтани таърихи адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри XIX” (1954), “Сарчашмаҳои таърихи адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX” (1956), “Адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX” (1969), “Шоҳин” (1974), “Аҳмади Дониш” (1976), “Адабиёти тоҷик. Асрҳои XVI-XIX ва ибтидои асри XX” (ҳамроҳи У. Каримов ва С. Саъдиев, 1988).

Таҳқиқи масъалаҳои муҳими таърихи адабиёт ва ошноии комил бо сарчашмаҳои дараҷаи аввал, шинохти шахсиятҳои адабию таърихӣ ва мутолиаю татаббӯъ дар осори адибони барҷастаи давраи мазкур ин донишманди фарзонаро аз таҳқиқи илмӣ тадриҷан ба таҳқиқи бадеии симоҳои таърихию адабӣ савқ дод ва дар ин замина завқи салиму истеъдоди фитрии ӯро муваффақ ба таълифу нашри силсилаи ҳикояю қисса ва романҳо доир ба шахсиятҳои муҳими адабӣ намуда, аз ин ҷиҳат дар радифи нависандагони саршинос ва муваффақ қарор гирифт.
Фаъолияти нависандагии устод Ҳодизода асосан аз солҳои 60-уми садаи XX шурӯъ шуда, нашри маҷмӯаи ҳикоёти “Танбӯри дилкаш” (1966) ва баъдан қиссаҳои “Сапедадам” (1970)-у “Парвози Шоҳин” (1980) роҳи ӯро барои офаридани асарҳои калонҳаҷм ҳамвор кард.
Тасниф ва нашри романҳои дугонаи “Ситорае дар тирашаб” (1983) ва “На ситораҳо мерезанд” (1990)-ро метавон қуллаи баланди таълифоти нависанда дар таҳқиқи бадеии шахсиятҳои таърихӣ ба шумор овард. Ин асарҳо ба вазъи ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии асри XIX ва зиндагию фаъолияти бузургтарин адибу маорифпарвари ин давра — Аҳмади Дониш бахшида шудаанд.

пешина
аз 315
навбатӣ