Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Дар роман масъалаҳои муҳими алоқаманд ба авзои ҷамъияти замони Аҳмади Дониш матраҳ шудаанд, ки аксаран дар осори маорифпарварону равшанфикрони замон мавриди танқид қарор гирифтаанд. Агар романи мавриди назар бо таваҷҷуҳ ба шеваҳои навини таҳқиқ, махсусан ровобити байномамӣ мавриди баррасӣ қарор дода шавад, ба равшанӣ маълум мегардад, ки манобеи асосии муаллиф кадом асар аст ва лаҳзаҳои бадеии мушаххас аз чӣ воқеияти замоние маншаъ гирифтаанд. Махсусан, тангназарию хурофотпарастии рӯҳониён, ки реша дар таассубу ҷаҳолати қисмати аъзами аҳли мадрасаю сарварони умури динии давлат ва мардуми дур аз хатту савод монда дорад. Ин вазъ дар осори худи Аҳмади Дониш, бахусус “Наводир-ул-вақоеъ” ва осори ҳамасрони ӯ, чун Мирзо Сироҷи Ҳаким, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Шамсиддини Шоҳин, Савдо ва дигарон батакрор таъкид мегардад.
Устод Ҳодизода бо баҳрагирӣ аз осори Аҳмади Донишу ҳамасрони ӯ, омӯзиши маводи адабию таърихӣ дар баъзе лаҳзаҳои бадеии роман тангназарию хурофотпарастии мардум ва рӯҳониёни замонро ба риштаи таҳрир дароварда, дар зимни он кӯшишҳои қаҳрамони марказии асар - Аҳмади Дониш ва ҳаммаслакони ӯро дар муқовимат бо ин падидаи номатлуб нишон додааст. Дар бисёр маворид манбаи тасвири лаҳзаҳои бадеӣ ва тафсилоти вақоеъ маъҳуз аз осор ва ақволи худи Аҳмади Дониш буда, ҳамхонии зиёде миёни баёни нависандаю эҷоди мутафаккир ба мушоҳида мерасад.
Чунонки, дар роман мехонем, ки чун Александр Павлович Эрлих худро мусулмон муаррифӣ мекунад, қаҳрамони асар Нурулло мегӯяд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё