Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
-
Лекин ба мусулмон монанд нестед... Мусулмонҳо саллаву ҷома, муллоҳошон ришу фашҳои калон доранд...
-
Не, азизам, фақат саллаву ҷома аломати мусулмонӣ нест,- мегӯяд Эрлих.
Маълум мешавад, ки муҳити тангу доираи маҳдуди фаъолият ва ноогоҳӣ аз ҷаҳони беруна боиси ҷуйин тасаввуроти нокомили Нурулло барин мардуми оддию дур аз саводу дониш аз шахсияти мусулмон гаштааст. Вале бо муроҷиат ба “Наводир-ул-вақоеъ” дармеёбем, ки дар ин росто натанҳо мардуми оддӣ, ҳатто рӯҳониёни қишрӣ низ ҳамин гуна тасаввурот доранд ё мехоҳанд андешаи мардум аз ҳамин доира берун набарояд. Ба ин мазмун Аҳмади Дониш дар “Наводир-ул-вақоеъ” менависад: “Олимон, ки масъуланд, ҳақиқати динро рӯпӯш мекунанд, аз аломати ислом ҳамин аммомаҳо бар сар аст ва аз шиори имон ҳамон азон дар манора” (Наводир-ул-вақоеъ, с.31).
Дар баъзе қисматҳои роман нависанда тангназарию таАССУБИ беҷои уламову рӯҳониёнро тасвир менамояд, ки танҳо бо даҳолати Аҳмади Дониш пеши роҳи фитна гирифта мешавад. Махсусан, лаҳзаи, ки баъзе рӯҳониён огоҳ мешаванд, ки тоҷири русиягӣ Иван Андреевич Биховский гӯё дар ҳуҷраи худ буту санампарастӣ менамояд. Биховский дар девори ҳуҷраи худ сурати Мариам ва Исои хурдсол дар чорчӯбаи зарҳалӣ (икона) ва дар пасттари он тасвири авлиё Сергейро овехта буд ва рӯ ба онҳо ибодат мекард. Рӯҳониён ба шӯр омада, ба корвонсарой ва назди раиси шаҳр ба шикоят меоянд, то ин шахс буту санампарастии худро на дар маркази шаҳр, балки дар беруни Бухоро анҷом диҳад. Чун Аҳмади Дониш огоҳ мешавад, ба назди рӯҳониён омада, онҳоро ором менамояд ва таъкид менамояд, ки ин ибодат на дар масҷиди мусулмонҳо, балки дар ҳуҷраи Биховский сурат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё