Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҷаҳди шеър машқ карда, солҳои аспирантиаш ба тарҷумаи бадии машғул буд, дар худ ангезаи нависандагиро пай бурда, дар навиштани асарҳои бадии қаламу қувваи худро озмуд. Очерку қисса ва ҳикояҳои таърихии ӯ «Танбӯри Дилкаш» (1964) ва «Бӯи Ҷӯи Мӯлиён...» (1966), ки аз тарафи хонандагон ва мунаққидон нағз истиқбол шуданд, муаллифашонро водоштанд, ки дар мавзӯъҳои таърихӣ ва ҳозиразамон повести «Сапедадам» (1970), ҳикояҳои «Дар он шаби борон» (1971), «Масофаҳои роҳ» (1973), «Парвози Шоҳин» (1976), «Мактуб» (1978), «Кӯчаҳои ошно», «Роҳи ағба» (1979) ва ниҳоят, романи «Ситорае дар тирашаб» (1980)-ро нависад. Ҳамаи ин асарҳо ба забони русӣ низ дар Душанбе ва Москва, дар нашрияҳои даврӣ ва дар шакли китоб ба табъ расида, қисме аз онҳо ба русӣ ва ӯзбекӣ, озарӣ ва забонҳои дигар тарҷума ва нашр шудаанд. Қиссаи таърихии «Ишқи духтари Рум»-ро (1985) низ бояд аз дастовардҳои хуби эҷодии Расул Ҳодизода шумурд.

Доир ба асарҳои бадеии Расул Ҳодизода дар бисёр мақолаҳои обзорӣ ва ҷамъбастӣ, маърӯзаву гузоришҳои расмӣ ва мубоҳисаҳо сухан рафтааст. М.Шукуров, Ҷ.Бақозода, И.Брагинский, И.Казакова, Валӣ Самад ва дигарон дар тақризҳои худ бурду бохти асарҳои алоҳидаи ӯро таҳлил намуда, ҳусну қубҳи онҳоро нишон додаанд. Воқеан Расул Ҳодизода ба ҳайси нависанда аз ҳикоятҳои аввалинаш то ба офариниши романи «Ситорае дар тирашаб» дар ин ҷода хеле пеш рафт.

Романи «Ситорае дар тирашаб», ки аз намунаҳои хуби насри ҳамосаи муосири тоҷик аст, зубдаи тамоми осори таҳқиқӣ, мутолиаҳо, бозёфтҳо, рисолаҳо, повести «Сапедадам», киносенарияи «Ситорае дар зулмот» (ҳамроҳи В.Максименков, 1971) ва ҷамъбасти андешаҳои муаллифро роҷеъ ба Аҳмади Дониш, муҳит ва замони ӯ

пешина
аз 315
навбатӣ